Ҳамрохон Зарифӣ аз Ширкати энергетикии Токио «TEPCO» боздид намуд
Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз идораи марказии Ширкати энергетикии Токио «TEPCO» боздид намуда, бо сардорони бахшҳои соҳавӣ мулоқот кард ва бо фаъолияти ширкати мазкур шинос шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот намояндагони ширкати «TEPCO» дар бораи ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи ширкат баромад намуда, таърих ва раванди рушди ширкатро батафсил муаррифӣ намуданд. Сафир аз раванди истеҳсол ва таъмини қувваи барқ ба истеъмолкунандагони минтақаи Канто, ки дар он пойтахт ва калонтарин шаҳри Япония – шаҳри Токио ҷойгир мебошад, шинос шуд.
Дар доираи боздид Сафир ҳамчунин ба зеристгоҳи зеризаминии «Higashi-Uchisaiwaicho» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Сафири Тоҷикистонро зимни боздид роҳбарони лоиҳавии ширкати японии «Asia Engineering Consultant Co., Ltd», ки дар доираи татбиқи тарҳи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» бо маблағгузории Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) ба сифати ширкати машваратчӣ ҳамкорӣ менамояд, ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати японии «Nishizawa» қарордор ба маблағи 1.976 млрд. йен ба имзо расид. Бар асоси ин қарордод, ширкати «Nishizawa» дар давоми ду сол сохтмони зеристгоҳи нави «Радиостанция» ва корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная»-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд, ба анҷом мерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ