Нуқсонҳои кумитаи нав Тоҷикистон кай аз Дубай меомӯзад?

 Аз эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикитсон се моҳ сипарӣ шуд, аммо дар соҳаи туризми мамлакат  навгонии такондиҳандае мушоҳида намешавад.

Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019”-ро қабул кардааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди соҳа муайян шудааст. Мувофиқи консепсия то соли 2020 ташрифи беш аз 1 млн. нафар сайёҳ ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 430 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки дар қиёс ба соли 2016  25,4 фоиз зиёд мебошад.

Ба маротиб афзудани сафи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ин як пешравии худи соҳа ва масъулини ниҳоди дахлдор аст. Таъсиси портали ягонаи сайёҳӣ ҳамчун сомонаи кумита ва бо се забон фаъол намудани бахшҳои он ва гузоштани гузоришу аксҳои инъикоскунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ буд. Аммо пас аз ошноӣ пайдо кардан ба фаъолияти сомона,  маълум гардид, ки  он ба таври дилхоҳ ва на ҳамеша фаъол аст.  Гузоришу аксҳо куҳна буда,  дар аввали таъсиси сомона гузошта шудааст. Дар бахши англисии сомона маълумот ва аксарияти рубкикаҳо холӣ ва нопурра боқӣ мондаанд. Дар рубрикаи хабару гузоришҳои портал ҳамагӣ 16 хабар бо забонӣ англисӣ аз рӯзи таъсиси сомона то санаи 16. 04 соли 2018 пахш шудаасту халос. Дар бахши меҳмонхонаҳо бошад, дар сомона танҳо дар бораи 5  меҳмонхонаи шаҳри Душанбе маълумот ворид кардаанд ва меҳмонхонаҳои боқимондаи ҷумҳурӣ, ки аксари сайёҳон ба минтақаҳои кишвар сафар мекунанд, номаълуманд. Ҳатто дар бахши хизматрасонии нақлиётӣ ҳамагӣ се ширкати хизматрасонии нақлиётӣ: “Душанбенақлиётхадамотрасон”, “Рахш Таксӣ” ва “Asian Express”-ро ҷойгир кардаанд, ки ҳар сеи ширкат танҳо хизматрониашон дар пойтахт сурат мегирад. Аммо хизматрасонии нақлиёт дар сатҳи ҷумҳуриро масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ аз мадди назар дур кардаанд.

Вале даргоҳи ягона, ки пас аз фаъол шуданаш бояд он ба Созмони умумиҷаҳонии гардишгарӣ   (United Nations World Tourism Organization) пешнҳод карда мешуд ва пас аз он ин созмон порталро ба 158 кишвари комилҳуқуқи аъзои худ муаррифӣ мекард. Аммо  хабари муаррифии вебгоҳ ҳанӯз норавшан аст ва на ҳамаи хориҷиён аз кишвари мо огоҳанду аз вуҷуд доштани ин вебгоҳи ягона хабар доранд. Аз ин сабаб зарур бояд шуморид, ки баҳри тарғибу ташвиқи соҳаи туризм дар ҷаҳон вебгоҳи сомонаро дар торномаҳои Google, mail.ru, Яндекс,  Фейсбук, Вконтакте, Твиттер ва Телеграма гузошт. Ин ва чандин камбудиҳову нуқсонҳо дар  портали ягонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ мушоҳида карда мешавад, ки ислоҳи онро ба дӯши масъулин вомегузорем.

Кишварҳои дар соҳаи туризм пешрафтаи ҷаҳон бо ҳар роҳу восита барои ҷалби сайёҳон барои ташриф ба кишварашон нақшаву лоиҳаҳои зиёдро роҳандозӣ менамоянд. Ба таври мисол,  АМА, дар мисоли Дубай  барои ҷалби сайёҳон аз тарғибот фаровон истифода мебарад. Бо таҷҳизоти навтарини технологияи наворбардори рақамӣ истифода бурда, ҳамаи мавзеъҳои тамошобоби кишварро наворбардорӣ карда, сабти онро дар сомонаҳои интернетӣ мегузорад. Теъдоди роликҳои сабтшуда қариб ҳар рӯз бештар ва рангин мешаванд, ки ин яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон ба мамлакати хеш мегардад. Аммо ин иқдом дар ҷумҳурӣ баръакс ҷараён мегирад. Қариб  дар ҳама шабакаҳои телевизионии мамлакат роликҳои сабтшуда кам,  дилгиркунандаву якранганд. Дар баробари ин қисми зиёди наворҳо танҳо ба пойтахти кишвар, хусусан хиёбонҳои марказии он иртибот мегиранд.

Талаботи аввалиндараҷаи сайёҳон ин хизмарасонии нақлиётӣ, роҳ, меҳмонхона ва фарҳангу мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад. Дар ин маврид муомила ва муносибати шаҳрвандон ва хидматрасонони меҳмонхонаҳо аз мадди назар набояд дур бошад. Баҳри ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардани роҳу нақлиёт ва меҳмонхонаву мавзеъҳои туристӣ диққати махсус зоҳир кард, вагарна бо ин талаботе, ки имрӯз мо ба хориҷиён хизмат мерасонем, теъдоди вуруди онҳоро ба кишвар кам мекунему зиёд не.

 

Нуралӣ Карим,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *