Ҳамсари Гулмурод Ҳалимов -майор Ҳумайро дар ДИИШ

Ӯ бо кадом роҳ Сурия рафт?

Ҳангоми дар ҳафтаномаи «Конун ва ҷомеа»-и ВКД фаъолият доштанам,   Ҳумайро Мирова (ҳамсари Гулмурод Ҳалимовро), ки ҳоло дар Сурия қарор дорад, аз наздик мешинохтам. Ӯ корманди дафтари матбуоти ҳамин ниҳод буд. Барои ҳафтанома низ мақолаҳо менавишт. Дар борааш мегуфтанду аз дигарон  низ мегуфт. Азбаски ӯ ғарибу дур аз Ватан аст, рӯи варақ овардани он хотираҳоро  аз рӯи одоби инсонӣ намедонам. Фақат барои роҳгум заданаш дилам месӯзад. Бахусус барои фарзандони ноболиғаш. Охир мувофиқи хабарҳое, ки ба мо расидаанд, фирориёни ба хоки Сурия рафта чандон аҳволи хубе надоранд. Имрӯзҳо тавассути  васоити ахбори омма дар бораи хатари терроризму экстремизм иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ ҳар чӣ бештар наворҳоеро ба воситаи телевизион мебинем, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ифротгароёни ба ном “Давлати исломӣ” пайваст шуда, дар Сурия, Ироқ, Миср меҷанганду ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Зеро ҳодисаву рӯйдодҳои баъзе минтақаҳои дунё шаҳодати онанд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги оламро ба хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд . Мувофиқи маълумоти дақиқи мақомоти марбута духтарони тоҷик ба даъвати шавҳарашон ба чунин давлатҳо сафар карда,зиндагии сангинро ба сар мебаранд. Аламовараш он аст, ки баъди марги шаҳварашон мавриди таҷовуз ва издивоҷи маҷбурӣ қарор гирифта, фарзандонашонро аз модар ҷудо кардаву ба лагерҳои террористӣ мефиристанд. Ҳумайро бо чор фарзандаш дар он ҷо чӣ гуна зиндагӣ мекунад? Дар бобати бо  кадом  роҳ аз Ватан  то ба  Сурия рафтанаш, киҳо ба ӯ кумак  кардаанд,  низ назарҳо гуногунанд. Рӯзҳои авали фирор карданаш дар расонаҳо хабарҳое нашр шуданд, ки гӯё ӯ аз роҳи  Қирғизистон тарки Ватан кардааст.

Ҳафтаи гузашта як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтааст, ки Ҳумайро на ба воситаи ҳавопаймо, балки роҳи  Исфара ғайриқонунӣ ба вилояти Боткенди Қирғизистон рафта, аз он ҷо ба Маскав парвоз кардааст.

Баъди ин дар шаҳри Маскав Ҳумайро барои худ шиносномаи сохта омода карда, аввал ба шаҳри Истамбул парвоз кардааст. Пас аз гузаштани муҳлати мадиде аз Истамбул  ба Сурия гузаштааст.

Рӯзҳои аввали фирор кардани Ҳумайро овозаҳое рӯи кор омада буданд, ки гӯё  Мирова бо мусоидати як корманди гумрук дар фурудгоҳи Душанбе тариқи ҳавопаймо ба Истамбул сафар  кардааст.

Миёни ин сару садоҳо маълум набуд, ки дар фирори Ҳумайро Мирова тариқи марзи Исфара-Боткенд кормандони Хадамоти гумрук мусоидат кардаанд ё не? Дар Хадамоти гумрук ҳам дар ин маврид изҳорӣ бехабарӣ мекунанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, онҳое , ки барои ба хориҷи кишвар рафтани ин зан дасти мададашонро дареғ надоштаанд, батадриҷ ошкор шуда истодаанд. Аллакай 2 решапайванди  Ҳумайро Мирова барои ёрӣ додан дар фирори ӯ ба муҳлати 15-солӣ ба паси панҷараи маҳбас равона гардидаанд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зоҳирҷон Тоҳирӣ ва Сайфулло Салимзода ду пайванди ин зани раҳгумзадаро бо он гунаҳкор кард, ки барои фирораш ёрӣ дода, ҳамчунин ба даҳон муҳри хомӯшӣ зада, ба мақомот ҳарфе нагуфтаанд.  Ҳумайро Мирова, ки ҳамсари дуввуми Гулмурод Ҳалимов, полковиники фирории тоҷик  аст, моҳи феврали соли равон бо чаҳор фарзандаш барои пайвастан ба ДИИШ ба Сурия рафта буд. Ҳамон шабу рӯз расонаҳо хабар дода буданд, ки собиқ сухангӯи Хадамоти гумрук ҳамроҳи худ 4 фарзандашро низ бурда будааст.

Ҳумайро Мирова то фирораш корманди маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд ва аз Хадамот барои таваллуди кӯдак ба рухсатӣ баромада будааст. Аз Ватан рафтанашро 7 моҳ мешавад, вале то ба имрӯз аз тариқи расонае садо накардаву аз худ дарак намедиҳад. Хамсари ӯ Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и ВКД бошад дар миёнаҳои моҳи майи соли гузашта бедарак шуду дар охирҳои моҳ, 27-уми май бо пахши як навор аз пайвастанаш ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод. Ҳатто аз тариқи шабакаҳои Интернет боре аз марги ӯ огоҳӣ ёфтему баъдтар боз хабаре бо аксаш интишор шуд, ки Гулмурод намурда, балки ӯ сахт маҷруҳ гаштааст.

Муфсал дар ҳафтаномаи «ТОҶИКИСТОН»

Иззатбеки Идизод,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *