Дар Қурғонтеппа язна қайсингилро кушт

Хабари кушта шудани духтараки 17 –солае дар шаҳри Қурғонтеппа сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Яке сабаби ин фоҷиаро дар моҷароҳои оилавӣ маънидод мекарду дигарӣ ҳодисаро ба қасд гирифтани домод аз аҳли хонадони хусуру хушдоманаш рабт медод. Барои муайян кардани сабабҳои фоҷиа мо роҳ пеш гирифтем ба сӯйи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон.

Дар хонаи акаи Исмоил

Саҳни ҳавлӣ пур аз занҳои рӯймоли сафед баста ва дар сари тор куртаҳои бисёри духтарона овезон буданд. Аён буд, ки либосҳои марҳумро шустаанд, то руҳаш ором бигирад. Соҳибхонаҳо моро фотиҳахон гумон карда, гарданамонро гирифта бо алам гиря карданд, баъд ба меҳмонхона дароварда, дастурхон кушодан хостанд, вале монеъ гашта гуфтем:

-Мо журналист ҳастем, аз Душанбе барои фаҳмидани асли воқеа ба хонаи шумо омадем.

Кормандони газетаи “Оила” буданамонро фаҳмида, модари Фаризаи ноком-Ҳикоят моро ба хонаи дигар гузаронд. Суҳбати мо бо аҳли ин оила бисёр пуралам буд.

Тӯйхона мотамхона шуд

“Нияти хайр доштем, писарамро хонадор карданӣ будем. Аллакай хешу таборро ба тӯй таклиф карда будам, аз куҷо медонистам, ки домоди кӯрнамакам гул барин духтаракамро кушта, хонаи тӯйхонаи моро ба мотамсаро табдил медиҳад”,-гӯён, модари Фаризаи ғуррамарг зор-зор гиря мекард. Пас аз он ки модар каме ором гирифт, хоҳиш намудем, ки ҳодисаро муфассал нақл кунад

Ба хонаи дӯзанда рафту…

Фариза барои тӯйи бародараш курта дӯзонда буд. Ҳамон рӯз куртаашро аз хонаи чевар оварда пӯшид ва «хайр, чӣ хел, курта ба ман мезебад ё не?» гӯён, хурсандона чанд бор чарх зада, бо шавқ хандид. Шод буд духтаракам, чунон шод, ки дар умраш ягон бор ӯро ин қадар хурсанду масрур надида будем. Тақрибан соатҳои 6-7-и бегоҳ куртаашро ба селофан андохта аз хона баромад. “Сафар ба хайр” гуфтам, ҷавоб дод, ки муҳраҳои куртааш кандаанду ба хонаи дӯзанда меравад, то онро аз сари нав дӯхта диҳад. Рафту  дигар бар нагашт.

Холаи Ҳикоят боз инони гиряро сар дода, ба вобаламгӯӣ даромад. Дили кас аз шунидани нолаҳои зори ин модари фарзандгумкарда реш-реш мешуд. Дар назари мо замину осмон ба ҳоли зори ин модари ҷигарсӯхта гиря мекард. Оре, само гиря мекард барои духтараки аз сад гул ҳанӯз як гулаш нашкуфта, гиря мекард ба ҳол аҳли ин оилаи тӯяшон ба азо табдилёфта…

Фаридун, бародари Фариза:

Қотил аз падарам шодиёна гирифт

-Акмал Фаризаро кушта, баъд ба падарам занг зада гуфтааст, ки ман духтаратро куштам,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд Фаридун, бародари Фариза—Боварам наомад, гумон кардам, ки язнаам маст асту ҳазён мегӯяд. Дубора ба Акмал занг зада гуфтам, ки язна, мастӣ ё ҳушёр, бешӯхӣ мегӯӣ, ки Фаризаро куштӣ? Заҳрханда карда гуфт, ки ҳозир бо корд макашро задам, Фариза мурд, акнун худамро  мекушам…

-Ба милисахона рафта, бо як гурӯҳ кормандони милиса ба ҷои гуфтагии Акмал рафтем, вале язнаамро гӯё замин фурӯ бурда бошад, ному нишонашро пайдо карда натавонистем,-мегӯяд Фаридн ва меафзояд,-Баъд фаҳмидам, ки Акмал бо мақсади аз оилаамон қасос гирифтан маро ҳам мисли Фариза бо макру ҳила ба дом афканда, куштан мехостааст…

 Падари Фариза:

Қариб дилам кафида буд

-Хӯроки шомро хӯрда истода будем, ки телефонам занг зад,-Он рӯзи наҳсро ба ёд меорад падари Фаризаи ҷавонмарг,-рақамҳои домодамро  дида, дарҳол гӯшакро бардоштам. Акмал ба ҷойи салому алейк маро дашномҳои қабеҳ дод. Ба гӯшҳои худам бовар накарда гуфтам: “Акмал, ин тӯӣ?! Чаро гапҳои беҷо гуфта истодаӣ? Мастӣ ё ҳушёр?” Домод гапамро бурида гуфт: “Фаризаро кушта дар об партофтам. Биёед, мурдаи духтаратона соҳиб  шавед!”

-Ин гапро шунида дар ҷоям шах шуда мондам. Ранги рӯям канда, забонам дар комам часпид, ҳарчанд кӯшиш кардам, ки аҳли оилаамро хабардор созам, натавонистам, забонам аз даҳшати сухани шунидаам гунг шудагӣ барин, гап зада наметавонистам,-мегӯяд ин падари аламзада бо чашмони пурашк ва меафзояд,-Бераҳм духтари бегуноҳамро 7 корд задааст.

Наргиза, апаи Фариза:

Ман гунаҳкорам!   

Шавҳарам Акмал 26 сола буда дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамон рӯзи наҳс вай ба ман чизе нагуфта ба Қурғонтеппа рафта буд, то ҷасади хоҳарамро ба чашмони сарам надидам, боварам наомад, ки шавҳарам Фаризаро ба қатл расонидааст. Ҳоли дили маро ба ҷуз худованд дигар касе намедонад. Аз рӯйи шавҳари худозадаам дар назди ҳама хешу табор забонкӯтоҳ шудам. Аз шарм ба чашмони падару модарам нигоҳ карда наметавонам. Худро дар назди онҳо, дар назди арвоҳи хоҳараки ғуррамаргам гунаҳкор дониста, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯзам. Ман намебудам, шояд ин фоҷиаи хунини даҳшатангез рӯй намедод…

(Тафсилоти ҳодисаро дар ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед)

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *