Ҳамсари собиқ хонаи шавҳарашро оташ зад

Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо иттиҳоми қасдан оташ задани хонаи шавҳари собиқаш дастгир шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 24 декабр пинҳонӣ манзили марбут ба шавҳари собиқаш – сокини 47-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо оташ зада, сипас аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

 Бино ба маълумоти ВКД, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 47-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 24-уми декабри соли равон, тахминан соати 10:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ хонаи истиқоматиашро оташ зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 8000-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия собиқ ҳамсараш, зани 41-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар қасдан несту нобуд кардани амвол дастгир карда шуд.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *