Душанбе: Интиқоли маводи тафгарӣ пешгирӣ карда шуд

Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маълумоти фаврӣ бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи тарфгарӣ, ронандаи мошини тамғаи «Ҷек»-и корхонаи «Азиан Экспресс», шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Я., соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар назди бозори ҶДММ «Корвон»-и шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли маводи тарфгарӣ боздошт карда шуд.

Тавре дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар натиҷаи азнаргузаронии бордони мошин 1 қуттии картонӣ, иборат аз 94 ададӣ, баробар ба миқдори умумии 22 ҳазору 167 капсулаҳои маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Н., соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад.

Тибқи хулосаи коршиноси озмоишгоҳӣ, маводи тафгарӣ дар ҳолати коршоям қарор дорад.

Маводи санҷишӣ нисбат ба боздошти маводи тарфгарӣ ҷиҳати қабули қарори қонунӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *