Ҷамшед касеро таҳқир накардааст
Ҷамшеди Ҳалим, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик сарусадо дар мавриди боздошташро беасос гуфт.
Ӯ гуфтааст, ки овозаҳо дар бораи боздошташро шунид, аммо онҳо ҳеч асосе надоранд: “Чанд нафар ҳам занг заданд. Ин гапҳои кӯдакӣ, дурӯғанд, аҳамият надиҳед. Ман ба касе кор надорам. Чунин овозаҳо зиёданд. Ҳар рӯз маро кушта, зинда мекунанд”.
Ҳаҷвнигори маъруф илова намуд, ки феълан ба сабти барномаи нав машғул мебошад.
Ин дар ҳолест, ки миёни мардум овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯиё Ҷамшеди Ҳалим, ки бештар бо ҳунарнамоиҳояш дар барномаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” маъруф аст, барои роҳ додан ба таҳқир дар яке аз ҳунарнамоиҳояш боздошт шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ