Тоҷикистон: Пӯшидани сатр ва либоси нимбараҳна дар мактаб манъ аст

Вазорати маорифи Тоҷикистон дастурамалеро чоп кардааст, ки ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои шикофу дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор ва рангу бори беш аз ҳадди сару рӯро манъ мекунад. Ба писарон ба дарс омадан бо мӯи дарозу ришу нохуни расида, гӯшвор овехтан манъ буда, шими ҷинс танҳо дар зимистон иҷозат дода мешавад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш санадеро бо номи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нашр кардааст.

Дар ин санади расман «тавсиявӣ”, ки қаблан дар 40 саҳифа аз ҷониби нашриёти «Маориф” низ чоп шуда ва ба тамоми мактабҳо фиристода шудааст, ба таври муфассал баён шудааст, ки ба хонандагони мактабҳои Тоҷикистон чӣ пӯшидан мумкин ва чӣ манъ аст.

Дар муқаддимаи дастурамал гуфта шудааст, ки «пӯшидани либоси тавсиявӣ дар замири хонандагон ҳисси баланди зебо- ипарастӣ ,ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи намунавӣ,озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.” Ҳадафи дигар аз либоси тавсиявӣ «таъмини баробарии хонандагон дар муассиса” ном бурда мешавад.

Тибқи ин санад, либоси мактаби бояд аз матоъҳои пахтагину пашмӣ ва абрешим омода карда шавад ва «барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ 7 нарасонидан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ карда мешавадюӯ.”

Дастурамал ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастанро иҷозат дода, дар фасли сармо ҳангоми сард будани синфхонаҳо ҳатто бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) дар дарс нишастанро ба ҳамаи хонандагон тавсия медиҳад.

Аммо ин дастурамал бархе либосҳоро ба хонандагон мамнӯъ мекунад. Аз ҷумла ин санад ба духтарон пӯшидани либоси нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, либос бо навиштаҳои таблиғотӣ ё парчами кишварҳои дигар ва ҳамин тавр пӯшидани ҳиҷоб ё шарфи дарозро манъ мекунад. Барои духтарон дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор, пӯшидани либосҳои синтетикии қиматбаҳо, овехтани ҷавоҳир дар биниву гардан ва дасту по, холкӯбӣ(наколка) ва истифодаи беш аз ҳадди рангубори ороишӣ (косметика) низ мамнӯъ мебошад.

Ба писарон ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона мамнӯъ буда, онҳо ҳаққ надоранд, дар гӯшашон низ гӯшвор овезанд. Ҳамин тавр, пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода шуда, пӯшидани шимҳои шикофу дарида ва куртаву футболкаҳои тасвирдор ва шимҳои ҳарранга комилан мамнӯъ аст.

ИҚТИБОСҲО АЗ ДАСТУРАМАЛИ ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН:

БА ДУХТАРОН БА ДАРС ОМАДАН МАНЪ АСТ:

-бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ);

-бо либосҳои нимбараҳна, даридаю шикофтаи мӯдшуда;

-бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз);

-овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш;

-пӯшидани либосҳои сунъӣ (синтетикӣ)-и қиматбаҳо;

-рангу бори аз меъёр зиёди рӯю лабҳо, абрувон;

-расму тасвирҳои дар дасту пой рӯю бадан гулкоришуда (наколка);

-овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот дар бинию гардан абрувону пешонӣ ва дасту пой;

-истифода намудани маводи ороишии аз андоза зиёд дар куртаву либосҳои тавсиявӣ ва ғайра.

БА ПИСАРОН БА ДАРС ОМАДАН МАНЪ АСТ:

— бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);

— бо муйҳои дароз;

— бо риши расида;

— бо нохуни расида;

— бо либосҳои таблиғоти ғайрдошта, ки дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо дар онҳо тасвир ёфтаанд (аз қабили футболкаҳои суратдор, шимҳои ҳарранга, куртаҳои тасвирдор ва свитерҳои дорои ҳар гуна навиштаҷот);

— бо ангуштарӣ, занҷири гардан ва дастпонаи тиллоӣ ё нуқрагин;

— гӯшвор овехтан;

— бо шими ҷинс, вилвет ва дигар либосҳои сунъӣ (синтетикӣ), ба истиснои фасли зимистон

— бо шиму куртаҳои даридаву харошидаи мӯдшудаи кӯчагӣ, бо тасвиру суратҳои дар сару рӯю бадан гулкоришуда (наколка), бо шортик ва куртаҳои кӯтоҳ, тапочка, калӯш ва шимҳои чармини тангу кӯтоҳ.

ТАЛАБОТИ ТАВСИЯВӢ ВА ҲАТМӢ

45. Рӯзҳои ҷашнҳои давлатӣ, ҷумҳуриявӣ, ҷашнҳои муассисаи таълимӣ, конфронсу симпозиумҳо пӯшидани либоси протоколӣ ҳам барои духтарон ва ҳам писарон ҳатмӣ мебошад.

46. Ба либоси протоколии писарон шиму костю ми сиёҳ, кабуди торик, куртаи сафед, галстукҳои соз- монҳои хонандагон (синфҳои 5-9), галстуки сиёҳ (синфҳои 10-11) туфлии сиёҳ ё ҷигарӣ дохил мешавад.

47. Ба либоси протоколии духтарон домани сиёҳу ҷигарии аз зону поён, куртаи остиндор ва остинкӯтоҳи сафед, галстук, костюм, шиму костюм, туфлии пасту баланди сиёҳу ҷигарӣ дохил мешавад. Духтарон метавонанд либоси аз матои пахтагини якранг бо поҷома, рӯймоли миллӣ (ихтиёрӣ) ба бар кунанд. Пойафзоли пасту баланд ҳатман сиёҳ ва ё ҷигарӣ бояд бошад.

48. Дар арафаи рӯзҳои идҳои миллӣ (бахусус Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғ.) духтарон метавонанд бо куртаи атлас ё адрас ва дигар либосҳои миллии хоси маҳал бо рӯймоли миллӣ (ё бе рӯймол) тибқи хоҳишашон ба дарс ҳозир шаванд.

49. Дар дарс бо либосҳои варзишӣ, шими ҷинс ва дигар намуди либоси ғайримактабӣ нишастани хонан- дагон манъ аст. Танҳо дар вақти дарси тарбияи ҷисмонию рӯзҳои шанбегӣ, корҳои дастаҷамъона пӯшидани либосҳои варзишӣ ва дигар намуди либосҳо иҷозат дода мешавад.

50. Бо нишони созмони хонандагон омадани аъзои созмони хонандагон ҳатмӣ мебошад.

51. Дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) истифодаи пешдоман, халат, дастпӯш, айнаки ҳифзкунанда тавсия мешавад

52. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ истифодаи ли- босҳои варзишӣ, футболка, шортик ва кроссовкаву кетӣ ҳам ба духтарон ва ҳам ба писарон тавсия мешавад.

53. Дар дарсҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ истифодаи халати сафед, кабуд тавсия мешавад.

54. Барои духтарони тамоми зинаҳои таҳсилоти умумӣ, дар ҳамаи мавсимҳо бастан ё набастани руймоли миллӣ ихтиёрӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *