Ҷамшед Нурмуҳаммадзода: Муштариёни бонки «Эсхата» ва «Имон интернешнл» зиёд шудааст
Бонки «Эсхата» барои камбудиҳо 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва «Имон интернешнл» 500 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар замони фаъолияти ду раиси бонк, камбудиҳо, аз ҷумла, додугирифти бонкӣ бо гурӯҳҳои террористиву маводи мухаддир ошкор шуд ва онҳо баъд аз гирифтани танбеҳ ва огоҳӣ, аз вазифа барканор шуданд.
Аз ҷумла, бонки «Эсхата» барои камбудиҳо 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва «Имон интернешнл» 500 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, баъди иваз шудани раҳбарон баракс муштариёни ин бонкҳо зиёд шудааст.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 14 бонк имсол фаъолияташонро муваффақона ҷамъбаст карданд ва дурнамои низоми бонкӣ дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода афзуд, ки бонкҳо аз низоми бӯҳронии се соли пеш ҳоло берун мераванд . Вай фаъолияти бонкҳои Эронро назаррас надонист ва гуфт, ки таҳримҳои Амрико ба онҳо чандон таъсир ҳам намерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ