Боронро интизор нашавед!

Аз рӯзи 25 июл сар карда ҳарорати ҳаво нисбатан сард мегардад. Алакай паст шудани ҳарорати  ҳаво дар вилояти Суғд, ки нисбат ба дигар минтақаҳо шамолрав аст, ҳис карда мешавад — гуфт, Ҷамила Байдуллоева, мутахасиси Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори  сомонаи tajikistantimes

Номбурда зикр намуд, ки аз имрӯз шуруъ карда боди афғони тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро мегирад ва тақрибан як ҳафта идома хоҳад кард. Ҳарорати ҳаво бошад ғайр аз баъзе ноҳияҳои гармтарини вилояти Хатлон, аз 40 дараҷа поён мефарояд, ва дар назар аст, ки ҳаракати шамол шиддат гирад.

Имсол дар Тоҷикистон тобистони нисбатан гарм омада, ҳарорат то 43 дараҷа расид. Байдулоева иброз намуд, ки дар 5 соли охир, гармии Душанбе ва навоҳии атрофи он то 37-38 дараҷа мерасид. Аз ҳама ҳарорати баландтарин дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки он ҳам 45 дараҷа буд. Вале имсол дар пойтахти кишвар ҳаррат то 43 дараҷа баланд гардидид, ки ин тӯли 14 рӯз пайи ҳам идома ёфт.

Дар ҳафтаҳои наздик боридани борон пешгӯӣ намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *