Ҷамшед Зиёевро ҳабс карданд
Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи «Тоҷпромбонк” шоми 24 апрел аз ҷониби кормандони додситонӣ боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққат(ИВС)-и шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нигоҳ дода мешавад.
Хабаргузории «Азия Плюс” рӯзи 25 апрел бо такя ба як манбаи муътамадаш хабар дод, ки Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи «Тоҷпромбонк”-ро кормандони додситонӣ шоми 24 апрел дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Зиёев ҳоло дар боздоштгоҳи муваққат(ИВС)-и шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур қарор дорад ва ӯро метавоннад ба ғайриқонунӣ додани қарзҳои бонкӣ ва аз худ кардани маблағҳои «Тоҷпромбонк” айбдор кунанд.
Аммо дар комиссияи барҳамдиҳие, ки аз моҳи феврали соли 2017 дар «Тоҷпромбонк” кор мекунад, дар сӯҳбат бо «Азия Плюс” дар бораи боздошти Ҷамшед Зиёев изҳори бехабарӣ карда, гуфтаанд, ки ӯро бори охир рӯзи душанбе дар инҷо дида буданд.
«Тоҷпромбонк” дар баробари «Фононбонк”, «Тоҷиксодиротбонк” ва «Агроинвестбонк” аз ҷумла 4 бонки буҳронзадае буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2016 барои наҷоти онҳо 3,8 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо кард. Ин маблағ асосан барои ду бонки бузурги «Тоҷиксодиротбонк” ва «Агроинвестбонк” дар назар дошта шуда буд, вале барои «Тоҷпромбонк” низ ҳукумат 80 миллион сомонӣ ҷудо карда буд.
Аммо алакай дар моҳи феврали соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон аз нақшаи наҷоти «Тоҷпромбонк” ва «Фононбонк” даст кашид ва ҳарду бонкро барҳам дод. Аз моҳи марти соли 2017 бо қарори додгоҳи иқтисодии Душанбе дар ҳарду бонк комиссияи барҳамдиҳӣ ҷорӣ карда шуд, ки бояд дар муддати ду сол ҳисобу китобҳои ин бонкҳоро баробар кунад.
Бино ба ҳисобҳо, «Тоҷпромбонк”аз 2070 қарздораш ба маблағи 266 миллион сомонӣ пулҳои худро баргардонда натавонистааст. Дар ҳоле ки арзиши молу мулки «Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст, ҷамъи қарзҳои ин бонк 550 миллион сомонӣ будааст.
Соли гузашта 117 иншооти марбут ба «Тоҷпромбонк” ба фурӯш гузошта шуд.
Дар поёни соли 2017 чанд соҳибкори шинохта, барои барнагардондани пулҳои «Тоҷпромбонк” боздошт шуданд. Аз ҷумла Ҷамшед Абдулов, як соҳибкори маъруф аз ноҳияи Мастчоҳ, ки қаблан дар тиҷорати пахта пештоз буд ва ҳамчунин корхонаи бузурги «Олим Текстайлз”-ро мечархонд, тақрибан як моҳро пушти панҷара ба сар бурд. Бино ба хабарҳо, Ҷамшед Абдулов барои пӯшондани қарзаш дастикам ду корхонаи худро ба «Тоҷпромбонк” додааст. Дар ивази ин муомила парвандаи ҷиноӣ ба зидди Ҷамшед Абдулов моҳи марти соли ҷорӣ қатъ карда шуд.
Бонкҳои Тоҷикистон дар пайи буҳрони иқтисодии солҳои 2014-2015 гирифтори мушкилоти ҷиддӣ шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи май то декабри соли 2016 дар ду бонки «Тоҷиксодиротбонк” ва «Тоҷпромбонк” ҳатто маъмурияти берунаро ҷорӣ кард. Бо гузашти беш аз як сол аз ҷудо шудани 3,8 миллиард сомонӣ кумаки молиявии ҳукумат то ҳол бисёре аз бонкҳои буҳронзада наметавонанд ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариёне, ки пулҳои худро дар ин бонкҳо гузоштаанд, иҷро кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ