Шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз фестивал доранд

28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор мегарданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ тарғиби бозиҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, инчунин оммавӣ гардонидани онҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ насб кардани мизҳои тенниси хурд, инфрасохтор барои бозии шоҳмот ва ба ин васила рушд додани ин намудҳои варзиш вазифадор карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *