Пирӯзиҳои заврақронони навраси тоҷик берун аз кишвар

Ду хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мусобиқаҳои заврақронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания зинаҳои ифтихориро касб карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуотирРаиси шаҳри Хуҷанд мужда расонданд.

Яке хонандаи синфи 11-и МТМУ №7-и шаҳи Хуҷанд Даврон Ахмедов дар мусобиқаи заврақронии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни наврасони Осиёи Марказӣ иштирок карда, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Дигарӣ хонандаи синфи 9-и муассисаи мазкур Саидилҳом Назиров дар мусобиқаи заврақронӣ дар давлати Испания ширкат варзида, роҳхати олимпиадаи байналмиллалӣ байни наврасонро, ки дар Германия баргузор мегардад, ба даст овард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *