Ҳамшираи оддӣ, ташхисро  бепул гуфту ба бало монд   

Дар  коргоҳ нишаста будам, ки гӯшаки телефон садо дод:

— Духтарам,  ман як зани солхӯрда аз шаҳри  Истаравшан занг мезанам. Ҳафтаномаи шумоёнро пайваста мехонам. Ҳафтае нест, ки дар он дарди дили мисоли ман “ҳақ гуфтаю ҳақ карда, вале дар чашми ҳама бадкарда”-ю  бегуноҳ гунаҳгоршудагон  рӯйи чоп наояд… Дарди ман дарди беқадрии инсон, хосатан собиқадорон аст. Ҳозир замоне шудааст, ки  агар рафтори ҳақ кунӣ ё гапи ҳақро ба забон орӣ, дар назди роҳбарон зоғи сиёҳ  мешудаӣ.  Ман пас аз 42 соли умрро дар даргоҳи беморхонаҳо сарф кардан, имрӯз бо унвони “ҳамшираи одӣ” сазовор шудам. Чӣ гуна?  Ман ҳам мисли он  ки ба маркази саломатӣ дирӯз омада бошаму имрӯз гуселам мекунанд, беқадр шудам, -мегӯяд Саодат Почокалоноваи 60-сола.

Дарди ин зан аз он аст, ки 38 сол танҳо дар як муассисаи табобатӣ, яъне дар Маркази саломатии №1 шаҳри Истаравшан ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор карда, дар давоми 10 рӯзи ба табобат рафтанаш номаш ба рӯи нафақахӯрон дохил ва кафшаш пеши по гузошта шудааст. Худи ӯ мегӯяд:

Як даҳан гапи духтур фишорамро  ба 180 баровард

Аз солҳои 2008-2009 ин ҷониб  дар ҷумҳурӣ фармон оид ба “Ройгон аз ташхис гузаронидани модарони ҳомила дар муддати 10-12 ҳафта” баромада буд. Зеро дар ин муддати ҳомиладорӣ эҳтимоли зиёди нобуд шудани тифл вуҷуд дорад. Аксари модароне,  ки тифли худро аз даст медиҳанд, маҳз то семоҳагӣ ба қайд гирифта мешавад.  Ин фармон барои ташхису таъмини бехатарии тифлон ва хотирҷамъии модарон фармони даркорӣ буд. Зеро дар гӯшаи кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан занҳои камбизоте, ки маблағи аз ташхис гузаштанро надоранд, хеле зиёданд.

Ман ҳамчун ҳамшираи шафқати оилавӣ аз маҳалла ба маҳалла гашта, аз ҳолу аҳволи ҳар зани ҳомила бохабар мешавам. Рӯзе ба кӯчаи ба номи Мазбудҷон Маърупов рафтам. Он ҷо зани камбизоте, ки ҳомила буд, иқомат мекард. Баъди аз ҳолаш  хабар гирифтан ба ӯ гуфтам, ки ба беморхона рав ва аз ташхисти тиббӣ гузар. Зани ҳомила бар замми шароиташ вазнин будан, дар батнаш дугоник доштааст. Ӯ дар ҷавоб гуфт:

-Аяҷон (апаҷон), ман ба беморхона рафта аз ташхис гузаштанро мехоҳам, аммо  наметавонам. Барои ташхис пул надорам.

Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки ташхис то семоҳагии тифл ройгон аст. Ӯро бовар кунонидам, ки ту ба муассиса биё, ман худам ройгон  роҳхататро навишта медиҳам. Чанд рӯз пас он зан ба маркази мо омад.  Ба ӯ тавсияхатро ройгон навишта додам ва дар болои  варақ бо қалами сурх “Ройгон” навиштам. Ин зан қоғазро гирифта, ба назди духтур меравад. Духтур навиштаҷоти “ройгон”-ро хонда мепурсад, ки “инро кӣ навишт?”

Зан мегӯяд, ки ҳамшира- Почокалонова. Ман дар ҳуҷраи корӣ машғули навиштан будам, ки духтур Ином Холмирзоев  бо шиддат ва  асабоният аз дар даромад ва  “абменка”-ро болои столи корӣ ҳаво дод ва гуфт:

— Туро кӣ гуфт, ки  ройгон нависӣ? Ҳозир ин роҳхатро мегирӣ ва аз нав рӯйнавис мекунӣ. Аммо “ройгон-пойгон” наменависӣ. Духтур бе  парда ва шарму ҳаё бо ном гирифтани олоти мардияш маро  дашном дод, ки ту ба ҳар ҳомила “ройгон-пойгон” навиштан гирӣ, мо рӯзамонро аз кадом ҳисоб мегузаронем?

Маҷбуран  роҳхатро ба гуфтаи Холмирзоев навиштам. Ҳамон замон фишори хунам якбора 180 ба баромад.

Дар рӯзҳои вазнин мо ройгон кор мекардем

Солҳои 1991-96 бар сари Тоҷикистони азизамон рӯзҳои ниҳоят  вазнину сангин омада буд.  На дар дар буҷети давлат пул буду на дар кисаи мардум. 15 нафар дугонаҳои ҳамкорам тарки ҳамширагӣ карда, бозоршин шуданд. Чанд бор маро ҳам даъват карданд, то ҳамроҳашон ба тиҷорат машғул шавам. Вале ишқи  касбам намегузошт, ки аз муассисаи корӣ берун по ниҳам.  Бо вуҷуди бемузд  будан, шабу рӯз кор мекардем. Гоҳе шуд, ки бемордорон беморро гирифта, нимашабӣ ба назди дарвоза меоварданд. Шавҳарам ҷанҷол мекард, вале ба назарам оила не,  дарди бемор менамуд. Ба  беморони шабона ройгон сӯзандору мегузаронидам.

Худам худамро гусел кардам

Инак, пас аз табобати даҳрӯза, ки дар набуданам тақридамро ҳал карданд, бо вуҷуди дилам кашоли кор будан ва тарси хонашиниро рафъ кардан,  хостам дар ҷои корам ним “ставка”  бошад ҳам, кор кунам. Аммо ҳанӯз ман нарафта, ба ҷоям  як келинчаки ҷавонро оварда гуфтанд, ки “минбаъд ин нафар ба ҷои шумо кор мекунад”.  Ин шунидаму боқимонда қувваи  дасту  поям маро тарк кард ва

рӯз ва вақти зиёфатро ба муносибати ба нафақа баромадамро худам  эълон  кардам. Вақте ки  яке аз наздиконам ба сарвари беморхона, Мӯътабар Раҳматова занг зада мепурсад, ки “имрӯз дар муассисаи шумо ба муносибати гусели нафақахӯрон ҷамъомад мешудаст”, роҳбарамон гуфтааст, ки “гусели нафақахӯрон не, буду шуд як ҳамшираи одиро гусел карда истодаем”. Ҳамшира ҳам оддию мураккаб мешудааст? Ё собиқадарон, ки мӯйи сиёҳашонро дар як даргоҳ сафед мекунанд, ба рӯйхати “одиён”  дохил мешаванд? Ҳадафи ман аз гусели иззатмандона танҳо шод кардани рӯҳи нафақахӯрони гузаштаи соҳа ва дилгармӣ бахшидан ба кадрҳо нав буд. Афсӯс….

Таҳияи

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *