Туркия:87 нафарро ба гумони ҳамдастӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен аз кор озод карданд

Дар Туркия 87 корманди хадамоти миллии иктишофӣ ба гумони ҳамдастӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА, ки Анқара ӯро дар кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июн айбдор мекунад, аз кор озод шудаанд.

Ба иттилои расонаҳои расмии Туркия, зидди 52 тани онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. То ҳол ҷамъан 141 корманди ин хадамотро аз кор рондаанд. Тафтишот зидди 100 нафарашон алакай ба поён расидааст.

Ин нахустин «тозакунӣ» дар яке аз ниҳодҳои бонуфузи қудратии Туркия шумурда мешавад. Баъди табаддулоти нофарҷом беш аз 100 ҳазор корманди пулису низомӣ ва хизматчии давлатӣ дар ин кишвар аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Туркия расман аз ИМА хост, Гюленро ба ватан истирдод кунад. Аммо Вашингтон аз Анқара талаб дорад, ки даст доштани руҳонии туркро дар табаддулоти 15 июн исбот кунад. Фатҳуллоҳ Гюлен аз соли 1999 ба ин сӯ дар иёлати Пенсилванияи ИМА ба сар бурда, ҳама гуна пайванд бо исёнро рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *