Ҷанҷоли бародарон бо куштор анҷомид
Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 31-уми марти соли 2018, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии бародараш, марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тағояк омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ