“Рахш” ва “Шерхон-Дарк” – ғолибони Ҷоми “Пойтахт-2018”

31 март ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” баргузор шуд.

Дар мусобиқа, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи човандозии кишвар ҷараён гирифт,   беҳтарин чобуксаворону аспҳои зотӣ  аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Онҳо дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр дар 10 марҳила сабқат карданд.

Ду Шоҳҷоиза – мошинҳои сабукрави тамғаи “Равон” ва «Тойота», ки дар пойгаҳои 8-уму 10-ум барои ғолибон муайян карда шуда буданд, рақобати хеле ҷолибу диданиро ба  миён овард.  Дар пойгаи  8-ум  аспҳои 3-солаи зоти англисӣ “Шерхан – Дарк”, “Роҷеъ” ва “Веспойт – Шер” якуму дуюм ва сеюм шуда, марраро фатҳ намуданд.  “Шерхан – Дарк” бо Ҷоми «Пойтахт» ва Шоҳҷоиза мукофотонида шуд.

Ҷоми «Пойтахт -=2018» ва Шоҳҷоизаи пойгаи 10-ум, ки пойгаи асосӣ ба масофаи  2000 метр ба шумор мерафт, насиби  аспи 4-солаи зоти англисии  “Рахш”,  ки чобуксавораш Фирдавс Саломов ва соҳибаш Анӯшервони Рустам  мебошад, гардид. «Рахш» ин масофаро дар зарфи  2,04 дақиқа аввалин шуда, фатҳ намуд. “Лаъл” дуюмин ( 2,06д.) ва “Шарқ” сеюмин ( 2,07 д) ба маррас расиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *