Ҳанӯзам воридот аз содирот зиёд аст

Дар шаш моҳи аввали соли равон маблағи  муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. долларро ташкил додааст. Ин шумора  нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта  353 млн. доллар ё худ 20% зиёдмебошад.

Нимсолаи  сипаригардида содироти   ҷумҳурӣ 528,3 млн. Доллар ташкил дода, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 15,3% ё худ 70,2 млн. доллар бештар аст.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи беш аз 1,5 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 — 22,7% ё худ 283,1 млн. доллар зиёдтар мебошад.

То ҳол тавозуни савдо манфӣ ташаккул ёфта, ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 1 млрд. доллар зиёдтар мебошад.

Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани маблағи ҳаҷми воридот бо содирот — 35%-ро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 36% баробар буд, яъне таносуби содирот ба воридот 1% коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *