«Hot- dog» имрӯз ид дорад

Ҳар сол 18 июлро сокинони ИМА ботантана ҷашн мегиранд, чунки имрӯз барои онҳо рӯзи хӯроки дӯстдоштаашон Hot- dog мебошад.  Вале онҳо то ҳол намедонанд, ки ин нмуди хӯрокашон аз куҷо пайдо шудаасту онро бори аавал кӣ омода кардааст.

Ватани аслии Hot- dog ин ИМА мебошад ки он хӯроки миллии ин давлат мебошад. Аз соли 1994  инҷониб сокинони Амрико ин хӯрокро  истеъмол мекунанд.Тақрибан дар Амрико 100 намуди Hot-dog ҳамасола истеҳсол мешавад. Дар рӯзи байналмиллалии ход-дог, тақрибан дар як шаҳри ИМА 150 миллион сокинон Hot-dog харидорӣ мекунанд. Хӯроки миллии Амрико на танҳо дар кишвари худаш балки дар дигар давлатҳо аз он ҷумла дар Руссия низ машҳур буда, ҳамарӯза сокинон аз он истифода мебаранд.

Hot-dog-и калонтарин ки 30 метр мебошад, дар ИМА тайёр шудааст, худи ҳамин сол ба китоби рекорд «Гиннеси Ҷаҳон» ворид карда шуд.

Таҳияи Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *