Сокини ноҳияи Панҷ Камолидини 3 соларо пахш карда кушт

17-уми июли соли 2018, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси”, Латифов Маҳмадраҷаб Луқмонович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти С.Кабутови ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи зикргардида, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Холова Шамсия, соли таваллудаш 1992 ва хурдсол Аслонов Камолиддин Каримович, соли таваллудаш 2014, сокинони ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Аслонов К.К. бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Холова Ш. дар беморхона бистарӣ гардидааст.
16-уми июли соли 2018, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Зафаров Убайдулло Рамазонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Мирзохонов Зоир Собирҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқи ин ҳодисаҳо давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *