«Андалеб-2016»: «Нигинаи нав»-ро аз кадом минтақа «кашф» кард?

Нигина Амонқуллова, ки имрӯзҳо чун сарояндаи №1 аз байни бонувон дониста мешавад, маҳз дар озмуни «Андалеб» кашф шуда буд…

Инак тӯли чанд сол инҷониб дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» баргузор мегардад, ки чеҳраҳои навро ба саҳнаи тоҷик ворид месозад, ва намоёнтарини он нигина Амонқулова аст. Имсол низ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», шабакаҳои телевизион ва намояндагони 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  машварати  корӣ доир шуд. Ба намояндагони шаҳру навоҳии Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯшон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Сино, ки ғолиби даври аввал гардидаанд, варақаҳои роҳхат барои иштирок дар даври дуввум супорида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида   25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 23 августи соли 2016 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад. Манобеи мӯътамад ба «Tajikistantimes.tj» гуфтанд, ки имсол низ дар «Андалеб» духтараке баромад мекунад, ки мисли Нигина Амонқулова истеъдоди фавқуллода дошта, метавонад, такони ҷиддиеро ба саҳнаи ҳунарӣ диҳад, аммо ӯ аз кадом минтақаю чандсола аст, инро танҳо рӯзҳои баргузории ҷашнвора мардум хоҳанд фаҳмид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *