Се медали тиллои Суғд

  Дар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тартиби бо аттестати аълои универсалӣ, бо  медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон»  дар соли  хониши 2015-2016 Мамадҷонова Гавҳар ва Фаррухзода Комрон аз мактаби №1 шаҳри Конибодом, Икромова Ҳусноро аз мактаби №42 ноҳияи Ашт сазовори медали тилло гардиданд.

Қодирова Нодира аз гимназияи Гёте шаҳри Хуҷанд, Музаффарзода Ганҷина аз муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №26 шаҳри Конибодом  соҳиби медали нуқра шуданд.

Хатмкардагон Набиева Махфират аз таълимгоҳи №21 шаҳри Хучанд ва Раҳимова Нодира аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон ба гирифтани «Ифтихорнома» и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шарафёб шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *