Андоз аз Google. Қирғизистон 600 ҳазор доллар гирифт. Тоҷикистон чӣ?

Дар 4 моҳи аввали соли равон аз ширкатҳои бузурги хориҷии IT ба буҷети Қирғизистон зиёда аз 58,5 млн сом (668 ҳазор доллар) маблағ ворид шудааст. Дар ин бора Akchabar.kg хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки маблағи мазкур 24,5 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи 4 моҳи аввали соли 2022 (2,4 млн сом ё худ 27 ҳазор доллар) аст. Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии андози Қирғизистон, соли гузашта танҳо ширкатҳои бузурги хориҷии IT (технологияҳои иттилоотӣ), аз қабили Яндекс Go ва Adobe ба буҷети ҷумҳурӣ беш аз 85 млн сом (970 ҳазор доллар) маблағ интиқол додаанд.

“Шумораи андозсупорандагон (резидентҳо) ҳам зиёд мешавад. Агар дар нимаи моҳи октябри соли 2022-юм 15 корхонаи хориҷӣ ба сифати андозсупоранда ба қайд гирифта шуда буданд, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар рӯйхати мазкур 39 ширкат номнавис шудаанд” – менависад манбаъ. “Андоз аз Google” аз 1-уми январи соли 2022 ҷорӣ шуда буд.

Дар Тоҷикистон низ ин навъи андозбандӣ ҷорӣ шудааст.  

Ширкатҳои хориҷӣ, аз қабили Google, YouTube, Facebook, Instagram, Apple ва дигарон соли 2021 ба Тоҷикистон зиёда аз 2 млн сомонӣ (беш аз 159,9 ҳазор доллар) ААИ аз ҳисоби даромад аз хидматрасониҳои электронӣ пардохт намуда буданд. Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ширкатҳои хорҷии машғул ба пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн сомонӣ (146 ҳазор доллар) ААИ пардохт гардида буд. Маълумоти соли гузашта ва ҳамчунин давраи панҷ моҳи соли равон дар ин бора дастрас нест.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, то 1-уми августи соли 2022 дар низоми андози Тоҷикистон 23 ширкати хориҷии машғул ба хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва дигарон ба қайд гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *