“Бухоро” беҳтарин тарабхонаи Душанбе шуд

Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ шуда буд ҷамъбаст гашт.

Ғолиби даври шаҳрии Озмунтарабхонаи «Бухоро» дониста шуд. Роҳбари ин тарабхона бо ҷоизаи пулӣ, ҷом ва диплому туҳфаҳои хотиравии мақомоти шаҳри Душанбе сарафроз гардонида шуд. Ҳамзамон, Тоҷиддин Ҷалолов дар номинатсияи “Беҳтарин менеҷер”, Курочкина Кристина дар номинатсияи “Беҳтарин пешхизмат”, Ғаниев Шавкат дар номинатсияи “Беҳтарин ошпаз” ва тарабхонаи “Форел” дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳои пулӣ ва сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Намояндагони тарабхонаҳои “Форел”, “Оилавӣ”, “Шарбат” ва “Дидор” бошанд, барои иштироки фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гаштанд.

P.S. Тарабхонаи “Бухоро” яке аз панҷ ресторани беҳтарин дар шаҳри Душанбе аст. Ин тарабхона моҳи марти соли 2016 кушода шуд ва дар муддати кӯтоҳ байни мизоҷони худ бо хӯрокҳои лазиз ва хизматрасонӣ обрӯ пайдо кард. Тарабхонаи “Бухоро” дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ҷойгир аст. Дар ин тарабхона аксар вақт чорабиниҳои калон, ба монанди тӯйҳо ва ҷашнвораҳо дар сатҳи олӣ, бо иштироки сарояндагони номӣ баргузор мешаванд. Бинои 2-ошёнаи тарабхонаи “Бухоро” бо тарҳрезии миллӣ бунёд ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *