Ҷанги мактаббачаҳо: Ду кушта ва чанд захмӣ
Бар асари занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ду мактабхон кушта шудаанд. Ба иттилои омӯзгорон, ҳодисаи занозанӣ миёни мактабхонҳо шаби 2 ба 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои воқеъ дар маҳаллаи 103, наздик ба Донишкадаи низомӣ рух додааст.
Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки сабаби занозанӣ чӣ будааст, аммо дар пайи ин моҷаро ду тан аз талабагони мактаби рақами 43 ва 54 кушта шудаанд. Рӯзи гузашта ҷасади Сомон Шарипов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 54 ба хок супурда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ