Эҳтиёт бошед тарма мефарояд!

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ сокинони кишварро аз хавфи фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ хабардор мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид буда, дар баъзе минтақаҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 5 то 10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар баландиҳои 2000 метр бориши барф пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дараҷа хунукӣ то 2 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони пуршиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *