Ҷанги мактаббачахо бо кордкашӣ анҷомид
27.10.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия 4 нафар ноболиғони 16-17-сола, хонандагони синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро бо гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд.
Номбурдагон, дар ин рӯз, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар дохили мактаби миёна, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб карда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ