Ҷасади мухлиси Баха-84 соҳибдор шуд аммо…..

Ислом Иноятов пас беш аз ду моҳи ҷустуҷӯи писараш хабари марги ӯро аз матбуот дарёфтанд. Аниқтараш, аз рӯи акси нашршуда дар матбуот фаҳмиданд, ки писари нопадидгаштаи онҳо даргузаштааст. Ин ҳамон ҷавонест, ки ахиран вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо пахши сураташ дар паҳлӯи репсаро Баха-84 аз мардум даъват кард, ҳуввияти ӯро бишносанд.

Чуноне амааш ба рассонаҳо гуфтааст «Ислом ҳамин сол мактаби миёнаро хатм карда ва мехост ба донишкадаи низомӣ дохил шавад, аммо муваффақ нашуд”, писар аз ин нокомӣ бисёр дилозурда буд ва тасмим гирифт ба шаҳри Хуҷанд барои сайругашт равад.

Баъди нопадид шудани Ислом ва қатъ шудани робита бо ӯ, оила барои кӯмак дар пайдо кардани писар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард. Давоми ду моҳ, багуфти хешовандонаш, исми ӯ дар ҷустуҷӯ буд. Ҳоло онҳо “дар тааҷҷубанд, ки чаро пулис дар ин муддати ду моҳ шахсияти ӯро маълум карда натавонистааст”.

Эргаш Иноятов,ки ҳамроҳи ҷиянаш ба зиёрати оромгоҳи писараш ба Хуҷанд омадаанд ба кормандони пулис гуфтааст, ки қасди бурдани ҷасади писараш аз Хуҷандро надорад, чун насибаш ҳамин будааст ва дар ин ҷо ҷон додаву хоксупорӣ шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот сабаби эҳтимолии марги писарро худкушӣ гуфтаанд, барои хешовандон марги ӯ мармуз монд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *