Ангишти арзон мехоҳед? Марҳамат ба ярмарка!
Бо мақсади дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар шаҳри Истаравшан ярмарка-фурӯши ангишт гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, дар ярмарка конҳои истеҳсоли ангишт бевосита ангиштро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.
— Макони баргузории ярмарка назди бозори «Ҳоҷӣ Ҳаит», назди варзишгоҳи марказии шаҳр ва идораи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» муқаррар гардида, сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо давоми ду рӯз, яъне то санаи 24-уми декабри соли равон ангиштро бо нархи арзон ва сифати хуб харидорӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ