Рейтинг — 2021. Кӣ пешсаф аст?

Аз “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj ташкил кард, аллакай ҳашт рӯз сипарӣ гардид. Дар ин ҳашт рӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкор Исмоил Зоиров, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ ва чанд нафари дигар бо гирифтани овози бештар дар сафи пеш қарор доранд.

Тавре аз натиҷаи овозҳо бармеояд, дар номинатсияи “Раиси сол” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 3615 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2131 ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 520 овоз гардидаанд.

Дар номинатсияи “Хайрхоҳи сол” соҳибкор Исмоил Зоиров бо касби 22510 овоз аз роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (561 овоз) ва Раҳим Бобоҷонов (2165 овоз) пеш гузаштааст.

Дар номинатсияи “Вазири сол” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо 3850 овоз, дар номинатсияи “Бонкири сол” раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо 5510 овоз ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов бо 4088 овоз, дар номинатсияи “Ректори сол” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо 1760 овоз, дар номинатсияи “Чеҳраи сол” овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов бо 1695 овоз, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” Мубориз Усмонов бо 1314 овоз, дар номинатсияи “Варзишгари сол” ҷудокор Комроншоҳ Устопириён бо 993 овоз ва дар номинатсияи “Блогери сол” бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ  бо 2837 овоз дар сафи пеш қарор доранд.

Дигар номзадҳо — вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1314 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 2161, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев — 909, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода — 1457, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ — 750, сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин — 562, варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ Мунис ва Абӯбакр — 1231, овозхон Ҷонибек Муродов — 1174, овозхон Сафармуҳаммади Рустам — 367, самбист Акмалиддин Каримов — 664, варзишгари муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов — 894,  бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов — 85 ва бунёдгузори “Авлод медиа” Барон (Беҳрӯз Набиев) соҳиби 926 овоз гардидаанд.

Ёдрас мешавем, ки овоздиҳӣ дар «Рейтинг — 2021» то 31-уми декабри соли 2021 идома меёбад.

P.S. Ҳамарӯза Pressa.tj соати 14:00 аз рафти овоздиҳӣ ҷиҳати муайян кардани «Рейтинг — 2021» муфассал маълумот медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

41 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *