Қаноат дар паҳлуи Бозор ҷой гирифт

Мӯъмин Қаноат, яке аз сутунҳои устувори адабиёти муосири тоҷикро, ки 18-уми май, ду рӯз пеш аз 86-солагиаш дар Душанбе даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ва дар паҳлуи Бозор Собир дафн карданд. 

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи устод Қаноат рӯзи 19-уми май дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуд.

Барои видоъ бо Муъмин Қаноат шоирону нависандаҳо, наздикону ҳаводорон ва намояндагони ҳукумат ҷамъ омада буданд. Дар масҷиди марказии Душанбе танҳо Низом Қосим – раиси Иттиҳоди адибон – суханронӣ кард. Ӯ гуфт, “Мӯъмин Қаноат маҳбубтарин шоир аст, ки “бо ҳар китобаш Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ кардааст”.

 

Дертар Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президенти  Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст,ки  Мӯъмин Қаноат тавонист, дар солҳои 60-уми асри гузашта мактаби бузурги адабиро бунёд гузорад.“Муъмин Қаноат дар замони раиси Иттифоқи нависандагон будан фаъолияти хеле густарда дошт. Устод Муъмин Қаноат инчунин дар пешрафти адабиёт, шеъри муосир ва дар рушди достону ҳамоса дар асри 20 ва оғози асри 21 нақши беназир дорад. Назарашон барои ватан ва барои миллат равона буд,” -афзуд Раҳмонзода.Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, ки дар назди турбати Муъмин Қаноат суҳбат мекард, гуфт, бо рафтани ин шоири маъруф як рукни адабиёти муосири тоҷик аз миён рафт. Зеро ба қавли Сатторзода, устод Қаноат аз ҷумлаи шоироне буд, ки адабиёти тоҷик бахусус шеъри муосири онро нав карда буд. “Вақте Қаноат ба адабиёт қадам мемонад, таҳаввули ҷиддӣ ва бунёдие ба вуҷуд меояд ва шеъри моро дигар мекунад. Ин оғозкорӣ таҳаввулҳои ҷиддӣ дар шеъри муосири тоҷик буд, ки кори он касро баъдан шогирдонашон Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир идома доданд. Тағйироти куллие, ки дар шеъри муосири тоҷик ба назар мерасад, маҳз хидмати Қаноат аст,”-таъкид кард Абдунабӣ Сатторзода.Ҷонибеки Асрориён, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, Муъмин Қаноат на танҳо дар соҳаи адабиёт, балки дар рушди фарҳанги тоҷик низ саҳм дорад. Асрориён гуфт, Мӯъмин Қаноат аз ҷумлаи нафаронест, ки дар бунёд ва ҷаҳонишавии Наврӯз низ саҳм дошт ва андешаи ӯ комилтар аз андешаи дигар олимон буд.Ӯ афзуд, “Мӯъмин Қаноат мехост дар ҳама ҷой Наврӯзи миллӣ, Наврӯзи куҳистонро бояд тарғиб кунем, на Наврӯзе, ки мардум мехоҳад бисозандаш.”Мӯъмин Қаноат ду моҳ қабл ба бистарӣ беморӣ афтод ва наздиконаш гуфта буданд, ки ӯ аз дарди қалбу фишорбаландӣ ранҷ мекашад. Пизишкон пас аз зуҳри 18-уми май марги ӯро таъйид карданд. Хабари даргузашти Мӯъмин Қаноат ҳаводорони шеъри ин шоири шуҷоъро, ки натанҳо дар саҳнаи адабиёт, балки дар саҳнаи сиёсату иҷтимои Тоҷикистон ҳаф фаъол буд, ба мотам нишонд.

Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси аввали саҳифаашонро бо тасвирҳое аз Мӯъмин Қаноат иваз карда, аз рафтани ӯ ибрози таассуф намуданд. Бархеи дигар бо ишора ба даргузашти ду шоири маъруфи тоҷик дар моҳи май баҳори имсоларо “шоиркуш” номиданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *