Қурбонии боронҳои паёпай: Боз як зану се фарзандаш

Дирӯз дар заминҳои кишти деҳаи Марғузори ноҳияи Айнӣ як шахпора аз кӯҳ канда шуда, як занро бо се фарзанди хурдсолаш пахш кард.

Азбаски шахпора ҷасадҳоро такаву пора карда буд, ҷанозаи Заринаи 30-сола, писари 5-сола ва духтарони 8-сола ва якунимсолаи ӯро алакай дар намози аср ба хок супурданд.

Зарина 30 сол дошта, духтари калониаш 8, писараш 5 ва духтари хурдиаш ҳамагӣ якуним сол доштаанд. Модар бо ҳарсе фарзандаш дар ҳамон ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.  Селу боришоти рӯзҳои охир дар Тоҷикистон, мутаассифона, қурбониҳои ҷонӣ низ ба ҷон гузоштанд. Бино ба гузоришҳои расида, дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Данғара ва дигар манотиқи ҷануби Тоҷикистон дар рӯзҳои охир дастикам 7 нафар тӯъмаи сел шудаанд. Ҳалокати Зарина бо се фарзандаш шумори қурбониёни офатҳои табиии ахирро ба 11 нафар расонд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *