“Анор” ба сокинони Душанбе табъи солинавӣ бахшид
Дар арафаи Соли нав оператори мобилии “Анор” барои сокинони Душанбе ҷашни солинавӣ ташкил намуд. Бобои барфӣ ва Барфак бо кабриолети бошукӯҳ ба ҳар як гӯшаи пойтахт равона гардида, сокинонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, туҳфаҳо ҳадя карданд.
Ҷашн аз субҳи барвақт назди маркази савдои “Садбарг” оғоз ёфт ва дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт. Сипас ҷуфти сеҳргар ба дигар маконҳои маъруфи шаҳр – боғҳо, бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ-фароғатӣ, аз ҷумла “Душанбе Молл” ва Сиёма Молл” раҳсипор шуданд.
Ба сифати туҳфаҳо ширкат ширинию туҳфаҳои хотиравӣ омода намуд: кулчақандҳои брендшуда дар шакли логотипи “Анор”, кружкаҳо ва кружкаҳои гармиро нигоҳдоранда, сертификатҳо барои рақамҳои тиллоӣ, гӯшмонакҳо, дастгоҳҳои нерӯдиҳанда ва дигар туҳфаҳои гуворо.
Ҳадафи иқдом дар он буд, ки ба сокинону меҳмонони Душанбе табъи идона бахшем ва онҳоро ба фазои мӯъҷизаҳои солинавӣ ворид созем. Ва ин ба мо муяссар шуд: табассуму хурсандӣ ва суханҳои миннатдорӣ ҳамсафари Бобои барфӣ ва Барфак шуданд.
“Соли нав – ин як муддати кӯтоҳи муъҷизаҳост ва мо қарор кардем, сокинони Душанберо каме ҳам бошад, ба олами муъҷизаҳо ворид созем. Чунин шакли иқдом барои кишвари мо хеле нодир аст. Мо мехостем, ки ҳар як нафари Бобои барфӣ ва Барфакро дар кӯчаҳои шаҳр вохӯрда гармию ғамхориро эҳсос намояд. Ин ҷашн барои ҳамагон аст – аз хурд то калон. Одамон табассум мекарданд, моро пешвоз мегирифтанд ва дар ҷавоб бо фарорасии соли нав табрик менамуданд, ва ин натиҷаи кори мост. Аз номи ширкати “Анор” ман мехоҳам ба ҳамаи сокинони кишвар муваффақиятҳо, беҳбудӣ ва дастовардҳои навро дар соли 2025 орзу намоям. Бигзор тарофаҳоятон ба Шумо имкон диҳанд, ки дар соли нав ҳамеша бо азизонатон наздик бошед!” – мегӯяд директори ширкати “Анор” Юрий Глущенко.
Оператори мобилии “Анор” муштариёни худро пайваста на танҳо бо алоқаи босифату тарофаҳои муфид, балки инчунин бо эҳсосоти хотирмон низ хушҳол месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ