Ҷанозаи Асадулло дар Бохтар баргузор шуд

Маросими ҷанозаи Асадулло Маҳмудов, тоҷир ва раиси пешини ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски Русия, рӯзи 18 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Иттифоқи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар баргузор шуд .

Ҷасади ӯро дар оромгоҳи ҷамоати Заргар дар паҳлӯи наздиконаш ба хок супурданд.Тобути Асадулло Маҳмудов баъд аз зӯҳри рӯзи 17 декабр аз шаҳри Екатеринбург ба Душанбе оварда шуд. Ба гуфтаи наздиконаш, тобутро аз Русия ба Тоҷикистон зан ва ягона фарзанди Асадулло Маҳмудов ҳамроҳӣ карданд.Асадулло Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар шаҳри Магнитогорск дар назди хонааш аз сӯи афроди номаълум кушта шуд. Ба иттилои матбуоти русӣ, Асадулло Маҳмудов замоне ҳадафи тир қарор гирифт, ки бо мошинаш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматиаш мешуд. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи пулис гуфтаанд, ки эҳтимол меравад ин қатл фармоишӣ бошад, вале то ба ҳол сабаби ин куштор маълум нест. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки ба таҳқиқи ҳодиса аз рӯи моддаи «Куштор» оғоз намудааст.Далер Маҳмудов, писарамаки ин соҳибкори кушташудаи тоҷик  гуфтааст, ки  Асадулло Маҳмудов дар миёни “худи тоҷикҳо” душмани зиёд дошт ва эҳтимолан, қурбони ин ихтилофҳо шуд. Далер Маҳмудов афзуд, Асадулло Маҳмудов аз солҳои 2004 то 2011 раиси ҷамъияти тоҷикон дар Магнитогорск буд. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин мақом ҷиянаш Бахтиёр Султонов кор мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *