Эҳтиёт шавед, ронандаҳо!

Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз боридани барфи зиёд ва яхбандӣ дар роҳҳои Айниву Шаҳристон хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи боридани барфи зиёд ва сард гардидани боду ҳаво дар километри 78 то 86-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ ва аз 165 то 167-и ҳудуди ноҳияи Шаҳристон роҳҳо ях баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил гаштааст. Дар зимн, Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз ҳамаи ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаст, ҳангоми вақти ҳаракат дар роҳҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳаёт худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *