Антоновро аз Кохи Сафед хориҷ карданиянд
Сафир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Анатолий Антонов иқрор шуд, ки ӯро аз Вашингтон ихроҷ мекунанд. Мавсуф гуфт, ки Кохи Сафед аз таҳдиди ихроҷи ӯ даст накашидааст.
Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, ки мақомоти ИМА то ҳол аз таҳдиди ихроҷи ӯ дар доираи дархости дарёфти раводид барои кормандони намояндагиҳои дипломатии худ даст накашидаанд. «Ман ин мавқеи амрикоиро бори дигар тасдиқ мекунам. Воқеан, вазъе, ки бори аввал дар ин бора ҳарф задам, имрӯз ҳамон тавр боқӣ мондааст»,- гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Антонов қаблан гуфта буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико масъалаи ихроҷи ӯро матраҳ кардааст, дар сурате, агар Русия ба посдорони намояндагии дипломатии Амрико дар Маскав раводид надиҳад.
«Ин маънои онро дорад, ки амрикоиҳо имкони интихоби роҳи рушдро, ки коҳиши мизони ҳузури дипломатӣ дар Маскав ва Вашингтонро дар бар мегирад, истисно намекунанд»,- гуфт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ