9-уми феврал дар Тоҷикистон: 6 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

9-уми феврали соли 2022 зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 6 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шуда, инчунин 6 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17361 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 17213 нафар (99,1%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *