Арӯс аз Хитой. Ё чӣ тавр Китика Хадиҷа шуд?
Муҳаммадҷон Қарабоев, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми таҳсилаш дар Хитой ба як духтари хитоӣ бо номи Китика дил баста, ӯро бо худ ба Шаҳритус овардааст. Китика дар Тоҷикистон дини Исломро пазируфта, номашро ба Хадиҷа иваз кардааст.
Муҳаммадҷон дар суҳбат бо нашрияи “Хатлон” гуфтааст, ки ҳангоми таҳсил дар Хитой ба ҳамсари ояндааш дил баста, ба ӯ пешниҳоди издивоҷ кард.
“Ман то андозае ошиқи он духтар гашта будам, ки дигар ба миллату дину фарҳангаш диққат намедодам. Боварӣ доштам, ки бо оиладоршавӣ ӯро ба сӯйи худ мекашам ва аз ҷумлаи мо мешавад. Cипас, ӯро ба издивоҷ даъват кардам. Аввалан, дар ҳайрат монд ва пасон гуфт, ки бо падару модараш суҳбат мекунад. Ман низ бо волидонам суҳбат карда, дар бораи Китика (номи аслии духтари чинӣ) маълумот додам. Онҳо низ дар ҳайрат буданд, аммо ман онҳоро мутақоид карда тавонистам. Масалан, бо оне, ки ӯ дини Исломро қабул мекунад. Либоси миллии моро ба бар карда, бо фарҳангу маданияти мо зиндагӣ менамояд. Ин гуфтаҳоям барояшон писанд омад, вале бовар намекарданд…”,- нақл мекунад Муҳаммадҷон.
Муҳаммадҷон Қарабоев соли 2019 мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Шаҳритусро хатм карда, як муддат дар Душанбе забони хитоиро омӯхта, сипас барои таҳсил ба Хитой рафтааст.
Китика (Хадиҷа), ки 21 сол дорад, мегӯяд, ӯ дар хона фарзанди ягона буд ва вақте падару модараш фаҳмиданд, ки мехоҳад ба як ҷавони тоҷик издивоҷ кунад, аввал тарс доштанд, ки Муҳаммадҷон ӯро фиреб медиҳад.
“Ман барои Муҳаммадҷон шуда, иваз кардани дину мазҳабу фарҳангамро пазируфтам. Дар бораи дини ислом, зиндагӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ маълумотнокиамро зиёд мекардам. Ҳатто калимаи шаҳодатро азбар намудам”,- мегӯяд Китика.
Тӯйи Муҳаммадҷону Китика тоҷикона, бо оши наҳор ва риояи дигар анъанаҳои хоси тоҷикона баргузор шуд ва ҳама меҳмонон мехостанд, ки арӯси хитоиро аз пеш ба чашми худ бубинанд.
Инак, Муҳаммадҷон бо Хадиҷа ним сол боз зиндагӣ доранд. Муҳаммадҷон дар бонк кор мекунаду Хадиҷа дар як маркази забономӯзӣ муаллими забони хитоист.
Таҳияи Б. ФАРИДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ