Кадуи 50-килоӣ. Он “Уқёнуси ором” ном дорад

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирпочо Ҳомидов кадуеро кишт кардааст, ки он беш аз 50 кг вазн дорад. Ин навъи каду “Уқёнуси ором” ном дорад.

Мирпочо Ҳомидови 72-сола, ки солҳо устои асбобҳои барқӣ буд, аз соли 2000-ум парвариши навъҳои кадуро оғоз кардааст. Ин деҳқон мегӯяд, ки дар аввал ба парвариши навъҳои таҳҷоии каду, ба монанди “Саллакаду”, ”Ошкаду”, “Паловкаду”, “Титан” ва ғайра машғул буд.

Кадуи “Титан”-и ӯ низ то 25 — 30 кг вазн мегирифт ва дар намоишгоҳҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ диққати ҳамагонро ҷалб мекард.

Феълан, кадуи “Уқёнуси ором”-и ӯ беш аз 50 кг вазн дорад. Мирпочо Ҳомидов ният дорад, ки парвариши ин навъи кадуро зиёд кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *