“Арӯс аз Маскав” оммавӣ мешавад…
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Саратов ва ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ домодҳои аз ҳама серхаридор дониста шудаанд.
Дар 2021 занону духтарони сокини шаҳри Маскав аз байни хориҷиён бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Имсол алакай 355 шаҳрванди Тоҷикистон бо занону духтарон аз Маскав ақди никоҳ бастаанд, ки ин тақрибан чоряки ҳудуди 1500 никоҳи бо домодҳои хориҷӣ басташуда дар Маскавро ташкил медиҳад.
Баъд аз тоҷикҳо дар ин рейтинги домодҳои барои занону духтарони сокини Маскав аз ҳама маҳбуб шаҳрвандони Озарбойҷон (208 ақди никоҳ), Украина (142), Қирғизистон (141) ва Беларус (107) ҷой гирифтаанд.
Имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Саратов ва ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ домодҳои аз ҳама серхаридор дониста шудаанд.
Вале мардони сокини Маскав имсол аз байни хориҷиён бештар аз ҳама бо бонувон аз Украина (280 издивоҷ) ва Қирғизистон (221) ақди никоҳ бастаанд. Бонуҳои украиниву қирғиз дар ин сабқат аз зодагони Беларус (102), Молдова (84), Ӯзбекистон (77) ва Озарбойҷон(62) пеш гузаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ