Сокини Душанбе бо 4 кило героин дар Хуҷанд ба даст афтод

Тавре маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 27 май хабар додааст, рӯзи 21 май дар назди фурудгоҳи Хуҷанд аз ҷомадони Масрур Маҳмудов, сокини 39-солаи Душанбе, ки мехост ба Маскав парвоз кунад, қариб 4 кило героин пайдо кардаанд. Маҳмудов дар даруни ҷомадонаш ба таври устокорона махфигоҳ сохта буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддир, санаи 21 майи соли 2021 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии вилояти Суғд шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович, соли тавалудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, мувақатан бекор, бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *