Нахшов ба милиса таслим шудааст

Амриддин Нахшов, раиси корхонаи истихроҷи тиллои «Нахш», ки аз 10 рӯз ба ин тараф барои ширкат дар як занозанӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, худро ба ба милисаҳо супурдааст. Қаблан ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ дастгир шуда буданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Амриддин Нахшов рӯзи 27-уми май «бо хоҳиши худ» ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ҳозир шудааст. ВКД мегӯяд, ки ӯ ба «гуноҳи худ иқрор шудааст» ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, алайҳи Нахшов тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «авбошӣ», парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин моддаи Кодеки ҷиноии Тоҷикистон аз 2 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Нақшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати «Мину Фарм», паймонкори ширкати «Фароз», ҳамла кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *