Ғарқшавии 10 нафар ҳангоми оббозӣ дар Хатлон
Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар кулу дарёҳои вилояти Хатлон 10 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин шумора 6 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар кулу дарёҳои вилояти Хатлон 10 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин шумора 6 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Сулаймон Исозода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон гуфт, дар кулу дарёҳои ҳудуди вилоят ҳангомӣ оббозӣ 10 нафар ғарқ шуданд. Аз миёни нафарони ғарқшуда, ҷасади сокини ноҳияи Кӯшониён, ки 21 июни соли ҷорӣ ғарқ шуда буд, пайдо нагардидааст.
Ба гуфти ин манбаъ дар ҳамин давраи соли гузашта дар кулу дарёҳои вилоят 13 нафар шаҳрвандон ғарқ шуда буданд.
Ӯ омили асосии ғарқшавиро дар кам будани ҳавзҳои шиноварӣ, бемасъулиятии падару модарон ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ аз ҷониби шаҳрвандон арзёбӣ кард.
Ба хотири пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граджанӣ дар вилояти Хатлон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур кардаанд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ