Барои бунёди масҷид аз … 364 минтақа хок меоранд

Ба муносибати садумин солгарди истиқлолияти Афғонистон бо дастури президенти ин кишвар масҷиде дар Кобул бо хоки ҳамаи шаҳристонҳои ин давлат сохта мешавад.

Ба муносибати садумин солгарди истиқлолияти Афғонистон бо дастури президенти ин кишвар масҷиде дар Кобул бо хоки ҳамаи шаҳристонҳои ин давлат сохта мешавад.

Тавре хабаргузории Садо ва симо иттило медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дастур дод масҷиде дар минтақаи Дороламон дар ҷануби ғарби шаҳри Кобул бо хоки ҳамаи шаҳристонҳои ин кишвар сохта шавад.

Маврид ба ёдоварист, ки Афғонистон 364 шаҳристон дорад ва қарор аст хоки мавриди ниёз аз ҳамаи ин шаҳристонҳо барои сохтани масҷид ба Кобул интиқол шавад.

Барои иҷро кардани ин дастур раисони вилоят ва фармондорон шурӯъ ба ирсоли хок аз минтақаҳои таҳти мудирияти худ кардаанд.

Раиси вилояти Бомиён 24 метри мукааб хок аз шаҳр ва ҳамаи шаҳристонҳои Бомиён ҷамъоварӣ ва барои сохтани масҷид ба Кобул фиристодааст.

Инчунин, раиси вилояти Ғазнӣ низ эълон кард, ки миқдоре хок аз ҳабдаҳ шаҳристонҳои Бомиён ҷамъоварӣ ва барои бунёди масҷид ба Кобул интиқол кардааст.

Ҳадаф аз ин иқдоми давлати Афғонистон бунёди рамзе барои ваҳдати миллии мардуми ин кишвар эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *