Арабистони Саудӣ марзҳояшро боз мекунад
Арабистони Саудӣ манъи вуруд ба кишварро, ки бинобар навъҳои нави коронавирус ҷорӣ шуда буд, бекор мекунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба намояндаи Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарӣ хабар додааст. Хабар дода мешавад, ки пас аз кушодани марзҳо, мусофирон бояд ҳадди аққал 14 рӯз пеш аз вуруд ба Арабистони Саудӣ воридшудагон бояд натиҷаҳои озмоиши вобаста ба ковидро пешниҳод кунанд, ки мавҷуд набудани бемориро тасдиқ кунад. Онҳое, ки ба Арабистон меоянд, маҷбуранд аз 3 то 14 рӯз, вобаста ба аз кадом кишвар буданашон, дар карантин бошанд ва озмоиши лабораторӣ барои COVID-19 гузаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ