Арчаи солинавии 20-метра шаҳри Хуҷандро оро медиҳад
Насби арчаи солинавии 20-метрае, ки шаҳри Хуҷандро оро хоҳад дод, имрӯз — 5-уми декабр оғоз ёфт.
Имсол атрибути асосии Соли нав — арчаи солинавӣ аз рӯи анъана дар майдони асосии муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд гузошта мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, баландии арчаи солинавӣ 20 метр, бараш 9 метр буда, онро бо гулчанбарҳо, бозичаҳои солинавӣ ва чароғҳои равшан оро медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки ташаббускори насби арчаи солинавӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрдории Хуҷанд мебошанд.
Дар назар аст, ки дар ин ҷо намоишҳои солинавӣ, консертҳо ва ҳунарнамоии гуруҳҳои эҷодии шаҳру навоҳии вилоят баргузор шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ