Ҷаримаи ронандагон Мехоҳед дар он саҳм гузоред, мусофирон?

— Шофёр! Дар пешеход мошинро манъ кунед! – талаби омиронаи мусофирзане ба гӯш расид.

— Хоҳар! Аз ГАИ гузашта манъ мекунам! – посух гуфт шофёр.

— Гуфтам, ки дар пешеход манъ кунед! Роҳпулиро додаам охир! – ҷанҷол бардошт зан. — Гапи клиент барои шумо қонун нест-чӣ?

— Барои 1 сомонии пӯсидаи шумо ман ба ГАИ даҳҳо сомонӣ штраф диҳам,- паст наомад ронандаи хатсайр. – Дар астановка манъ мекунам.

-Э-э, садқаи одамгарӣ шавӣ! Гапи хуба намефаҳмӣ? Ба ҷойи даркорӣ хабар диҳам, бад пушаймон мешавӣ!..

Манзараи барои мо, мусофирони хатсайрҳо хеле шинос. Аксарамон ба ин ҳолат гирифтор шуда, аз ронандагони хатсайрҳо хафа ҳам шудаем. Чунон одат кардаем, ки 10 қадами дигар мондан танбалӣ мекунем.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ кардани ин қоидашикании ҳаракат дар роҳ тадбири  қатъӣ андешида, ронандагони хатсайрҳои пойтахтро барои дар ҷойи муқаррарнашуда боздоштани нақлиёт аз 25 то 50 сомон ҷарима хоҳад баст…

 

(Шарҳи муфассали ик иқдомро дар шмораи оянди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед).

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *