Набераи гадо ва ҳукми раиси ноҳия: “Ба Ватан хизмат кун!”

Духтари сокини 85 — солаи  ноҳияи Ҳисор Болтақул Абдураҳмонов ба редаксия  мактуб фиристода, аз рӯзгори талхаш нақл намудааст. Бо супориши редаксия ба ин ноҳия сафар намудем. Ҳангоми ба  хонаи вайронаи мӯйсафед даромадан як манзараи риққатоварро дидем, ки бо қалам тасвир карда  намешавад. Дар рӯи ҳавлӣ ду саг хоб буданд. Рӯ ба рӯи дарвоза, дар он тарафи ҳавлӣ боқимондаҳои девори чаппашуда чун  ёдгории меъморӣ ҳавлиро “зеб” медоданд. Дар байни ҳавлӣ ягона дарахти калони чормағз бо сояи азими худ онро пур карда буд. Ва дар паси ҳамин дарахт, дар канори ҳавлӣ “хонаи навсохти”  ҳукумат истода буд. Садо кардем,  аммо касе ҷавоб надод. Баногоҳ  зани тақрибан 45 — сола, ки дар ҳамсоягии  ҳавлии мӯйсафед зиндагӣ мекард, ба фарёди мо расида омад.  Ин зан, духтари мӯйсафед будааст. Аз падараш пурсон шудем, гуфт: “Ба  маркази ноҳия, барои гадоӣ рафт…”

Аз рӯи нақли Бибигул,  падараш зиндагии бадтар аз марг дорад . Дар оила се фарзанд будаанд. Фарзанди калонӣ бар асари беморӣ дар 35 -солагӣ  фавтидааст. Писари дувум бошад, гирифтори бемории рӯҳӣ шуда, дар кунҷи хонаи  нообод, бо либосҳои дарида рӯз то бегоҳ мешинад.

Бибигул мегӯяд, ки модарашро барвакт аз даст додаву аз ӯ тарбияи дурусте  надидааст.  Ба ин хотир, дар ҷавони ба “раққосагӣ” машғул будаасту туй ба тӯй мегаштааст. Чанд соле пеш як муаллим (аз гуфтани номаш худдорӣ кард) ӯро аз роҳи бад гардонида, ба никоҳи худ даровардааст. Аз ӯ як духтар дорад, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунад ва  падараш ӯро саробонӣ мекунад.

Зан мегӯяд, ки аз бародари ҷавонмаргаш ду фарзанд мондааст, ки калонияшро 3 октябр маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд.  Бибигул гуфт,ки  се маротиба ҷарроҳӣ шудасту дар ягон ҷо ба кор намегирандаш.  Ӯ танҳо бо кумаки  шавҳари пештарааш, ки барои духтараш  меорад, рӯз мегузаронад.

Дар давом гуфт, ки барои аз нав сохтани хонаи вайронаи падараш чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Ҳисор муроҷиат кардааст, вале ӯро аз дарвозаи ҳукумати ноҳия бароварда пеш кардаанд. Чанд  маротибаи дигар бо падари пираш якҷо  ба он ҷо рафтааст, аммо мақсадаш бароварда нашудааст.  Маҷбур шудаанд, ки ба дастгоҳи Президент муроҷиат намоянд. Намояндагони дастгоҳ омада, ин ҳолатро аз назар гузарондаанд ва баъди чанд рӯз бо супориши намояндаи дастгоҳ хонаи куҳнаро чаппа намуда, ду хона бо айвончааш  сохта додаанду халос. Сохтмони  бому дару тиреза ва таъмирашро ба ӯҳдаи ҳукумати ноҳия вогузоштаанд. Аммо то имрӯз аз ҳукумат хабаре нест ва аз сардии ҳаво мӯйсафедро  маҷбур кардааст, ки ба хонаи нимсохт даромада хоб равад. Писари девонааш бошад, дар хонаи дигар, дар рӯи хок (курпаҳоро даррондааст) хоб аст.

Бар замми ин ҳама бадбахтӣ, боз ягона набераи солимашро, ки дар интернат бузург шудааст, маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд.

Зан нақл кард, ки раиси ноҳия барои боздид омада буд. “Ҷиянамро дид ва пурсид, ки дар куҷо мехонад. Бахтовар гуфт, ки дар мактаб -интернат таҳсил кардаасту ба донишгоҳ дохил шуда натавонист. Ҳозир барои нигоҳубини хона дар ҳар куҷо кор мекунад.  Раис дар ҷавоб: “нони давлатро хӯрдию ба давлат хизмат намекунӣ?!”,- гуфта ба зердастонаш фармон дод, ки ӯро ба хизмат баранд. Ҳозир Бахтовар дар Панҷакент ба хизмат машғул асту бобои 85 — солааш бо гадоӣ рӯз мебарад”… Бибигул бо чашмони пур аз ашк мегӯяд, ки падарам бемор мешуд, наберааш нигоҳубин мекард, обу нонашро медод. Каме ҳам бошад, барои хӯрондану пуӯшондани хонавода кумак мекард, акнун ӯро ҳам бурданд. “Падари пирам ба рӯзҳои сарду боронӣ нигоҳ накарда, барои гадоӣ ба марказ мераваду аз фурӯшандаҳо нон талаб мекунад”,- мегӯяд Бибигул.

Кас ҳайрон мешавад, ки фоҷиаи ин оиларо дида истода, чӣ тавр бо супориши худ раиси ноҳияи Ҳисор ягона ноновари ин хонаро ба хизмат фиристод? Магар хизмат ба бобои гадо ва амаки бемор низ хизмат ба Ватан нест?

С. Розиқзода

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *