Арманистон: Инқилоб идома дорад, ҳизби ҳоким номзад надорад.

Ҳизби ҳокими Арманистон рӯзи 28-уми апрел гуфтааст, ки барои фӯру нишондани бузургтарин бӯҳрони сиёсии кишвар дар солҳои ахир номзадеро ба мақоми сарвазир пешниҳод намекунад.

Қарор аст, вакилони мардумии Арманистон рӯзи 1-уми май ба ҷойи Серж Саркиссиён, ки рӯзи 23-уми апрел аз мақомаш истеъфо дод, нахуствазири нав интихоб кунанд.То кунун як нафар ва Никол Пашиниён, пешвои мухолифон ва тазоҳургарон, ки нахуствазирро маҷбур ба истеъфо кард, номзадии худро ба мақоми нахуствазир пешниҳод кардааст.Эдуард Шармазанов, сухангӯи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон рӯзи 28-уми апрел гуфт, ҳизбашон тасмим гирифт, барои пешгирӣ аз “мухолифат ва ноамнӣ дар кишвар” ҳеҷ номзадеро ба мақоми нахуствазир пешниҳод накунад.Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 28-уми апрел бо нашри як баёние гуфт, ки авзои сиёсӣ дар Арманистонро аз наздик мушоҳида мекунад. Дар ин баёния омадааст, ки “Мо ҳамчун як дӯсти Арманистон аз тамоми тарафҳо мехоҳем, бо нияти хайр вориди музокирот шаванд ва бар асоси конститутсия ҳукумат ташкил намоянд ва созише бирасанад, ки манофеи тамоми арманиҳоро ба инобат бигирад.”Ба гуфтаи Эдуард Шармазанов, мумкин аст, вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷойи пешниҳоди номзад, дигар номзадҳоро баррасӣ карда, якҷоя ба ӯ раъй бидиҳанд.Бо вуҷуди ин эҳтимол меравад, ки аъзои алоҳидаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар феҳрасти номзадҳо ба мақоми нахуствазир бошанд, аз ҷумла Карен Карапетиён, ки баъди истеъфои Серж Саркиссиён, масъулиятҳои нахуствазирро иҷро мекунад.Аммо Никол Пашиниён рӯзи 28-уми апрел дар як тазоҳурот дар шаҳри Ванадзор, саввумин шаҳри бузурги Арманистон, гуфт, ки дар мақоми нахуствазир мондани Карапетиён барои онҳо ғайриқобили қабул аст. Вай гуфт: “Шаҳрвандон, мардум бояд ба Карен Карапетиён бифаҳмонанд, ки ӯ наметавонад, нахуствазири Арманистон бошад, зеро дигар кишваре, ки дар он фақат ҷумҳурихоҳ метавонад, нахуствазир ва раисиҷумҳур бишавад, вуҷуд надорад. Ин Арманистони дигар аст.”Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар порлумони дорои 105 курсӣ дар Арманистон, 58 вакил дорад ва бе тарафдории ин вакилон Пашиниён шанси нахуствазир шудан надорад.Вале мумкин аст, аъзои Ҳизби Арманистон Шукуфо, дуввумин ҳизби бузурги Арманистон ба тарафдории ӯ раъй бидиҳанд.Гагик Тсарукиён, раиси ҳизб ба телевизиони Кентрон гуфтааст, ки “Тими ман ва ман ба номзади мардум раъй медиҳанд, фарқ надорад, Никол Пашиниён аст, ё каси дигаре, ки мардум пешниҳод кардааст.”Рӯзи 28-уми апрел Никол Пашинён дар шаҳри Иҷеван аз тарафдоронаш хост, ки ба тазоҳурот идома бидиҳанд ва рӯзи 1-уми май дар шаҳри Ереван намоиши бузурги осоиштаи эътирозӣ баргузор намоянд.Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон аввали ин моҳ ва баъди он авҷ гирифт, ки Серж Саркиссиён, баъди хатми ду давраи раёсати ҷумҳуриаш, нахуствазир интихоб шуд. Мухолифони давлат ӯро ба ғасби қудрат муттаҳам карданд ва тазоҳурот дар Ереван бузургтар шуд.Никол Пашиниён, ки тазоҳургаронро раҳбарӣ мекунад, рӯзи 27-уми апрел дар ҳузури ҳазорон тазоҳургар дар шаҳри Гюмрӣ гуфт, кишвар ҳеҷ гуна “баргашти геополитикӣ” нахоҳад дошт. Гюмрӣ дуввумин шаҳри бузурги Арманистон аст.ки дар он ҷо пойгоҳи бузурги низомии Русия мавҷуд аст. Русия, ки шарики асосии тиҷоратии Арманистон аст, гуфтааст, ба бӯҳрони сиёсӣ дахолат намекунад, вале айни замон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 26-уми апрел дар гуфтӯгуи телефонӣ бо Карапетиён, аз кормандони собиқи ширкати Газпром хостааст, ки бӯҳронро ҳарчӣ зудтар рафъ кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *