Оқибати ДОИШ: Занҳои тоҷик якумра зиндонӣ шуданд

Суди марказии ҷиноятии Бағдод рӯзи 29 апрел 19 зан аз Русия, 6 зан аз Озарбойҷон ва 4 зан аз Тоҷикистонро бо ҷурми пайвастан ба ДОИШ ва кумак ба ин созмони террористӣ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Исми ин занон эълон нашудааст, вале ин 4 зани тоҷик нахустин шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки дар Ироқ барои узвият дар ДОИШ маҳкум мешаванд. Хабарнигори Франс Пресс, ки дар рӯзи эълони ҳукми ин 27 зан дар Суди марказии ҷиноятии Бағдод ширкат доштааст, хабар дод, ки ин занҳо дар сар ҳиҷоби сиёҳ ва дар тан пироҳани гулобӣ як-як ба додгоҳ эҳзор шуданд ва аксари онҳо ҳамроҳи худ кӯдаконашонро низ оварда буданд. Суд  барои тарҷумаи ҷараёни муҳокима як профессори забони русӣ аз Донишгоҳи Бағдодро даъват карда буд. Ин 27 зан ҳақ доранд, аз ҳукми ҳабси абади худ шикоят баранд.

Намояндаи сафорати Русия, ки низ дар мурофиа ҳузур дошт, ба Франс Пресс гуфтааст, ки «мо бо волидони ин занҳо дар тамос шуда, онҳоро дар бораи ҳукми содиршуда хабардор хоҳем кард.”

Хеда Саратова, ҳомии ҳуқуқ аз Чеченистон гуфтааст, ки фарзандони ин занони маҳкумшударо ба Чеченистон хоҳанд овард: «Ин кӯдакон то ҳол дар боздоштгоҳ ҳамроҳи модаронашон буданд. Вале баъди судури ҳукми додгоҳ онҳоро ҷудо карда, ба ягон ятимхона мебаранд.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *